Дар Вазорати фарҳанг зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби «Ҳафт ахтар» рӯнамоӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии нашриявии «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр ва маросими рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби «Ҳафт ахтар» баргузор гардид, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» дар шафати бинои вазорат баргузор шуд, ки аз он аҳли фарҳанги кишвар, зиёиён, устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО дидан намуданд.
Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозаэҷоди нашриёт, аз қабили китобҳои бадеӣ, илмӣ, соҳавӣ ва китобҳои бачагона ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки иштирокчиён бо майлу шавқи беандоза ва бо нархҳои арзону дастрас онҳоро харидорӣ намуданд.
Ҳамзамон маросими рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби «Ҳафт ахтар», ки ба тозагӣ дар нашриёти «Адиб» рӯи чоп омадаанд, дар толори вазорат бо иштироки намояндагони ташкилоту идораҳои эҷодӣ, муассисаҳои олии тобеи вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт доир шуд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ба нашр расидани китобҳои бачагона ва 3 ҷилди «Ҳафт ахтар»-ро падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар номида, иброз дошт, ки «имрӯзҳо маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои зиёди адибони классику муосири тоқик чоп мегарданд. Иқдоми наҷиби дигаре, ки роҳандозӣ гардид, ин ба нашр расидани зиёда аз 20 номгӯй адабиёти бачагона ва бори нахуст ба табъ расидани «Ҳафт ахтар» мебошад, ки мояи ифтихору хушҳолист. Нашри ин китобҳо барои тафаккури ҷомеаи имрӯзаи мо саҳми арзанда мегузорад».
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






