ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба имтиёзҳое, ки ба омӯзгорон дода шудааст, иттилоъ доданд

Май 5, 2022 13:09

ДУШАНБЕ, 05.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба омӯзгорон як қатор имтиёзҳои муайян муқаррар гардидааст. Тавре дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҷумла, ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба омӯзгорони ҷавон барои беҳбуди шароити зисташон ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок барои чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ дода мешавад. Ин кӯмакпулии давлатӣ ҳамасола дар саросари кишвар ба 333 нафар омӯзгорон  пешниҳод карда мешавад.

Тавре дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон», ки  соли 2006 қабул гардидааст,  ба омӯзгорони ҷавони дорои маълумоти олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд,  барои се соли аввали соли корӣ ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ қарз ба андозаи 3 фоизи солона пешбинӣ шудааст.

Қарзҳо тавассути “Амонтабонк» пешниҳод карда шуда, яке аз шартҳои он  ҷой надоштани қарзҳо дар дигар бонкҳо ба ҳисоб меравад. Вазорати маориф ва илм тасдиқ мекунад, ки ҳарчанд ин қарзҳои имтиёзнок барои ҳамаи омӯзгорони ҷавони кишвар пешбинӣ шудаанд, аммо кори раёсат ва шӯъбаҳои маориф дар ин самт кофӣ нест.

«Аз сабаби нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби раёсату шӯъбаҳои маориф аксари омӯзгорон аз ин қарзҳо истифода намебаранд», — зикр карданд дар ин ниҳод.

Ба гуфтаи вазорат, барои дастрасии омӯзгорони ҷавон ба ин қарзҳо, шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳамасола рӯйхати омӯзгорони ҷавонро ба вазорат пешниҳод мекунанд.

Яъне омӯзгорони ҷавоне, ки ба ин имтиёз ниёз доранд, метавонанд ба раёсат ё шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияи худ муроҷиат намоянднд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати маориф ва илм мегӯяд, тибқи қонуни соҳавӣ ба ҷуз аз қарзҳои имтиёзнок ба мутахассисони ҷавон,ҷудо кардани  қитъаи замин барои сохтмони манзил пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, агар шаҳру вилоятҳо ба омӯзгор эҳтиёҷ дошта бошанд, омӯзгорони ҷавон барои чанд сол аз даъват ба хизмат озод мешаванд.

Мо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» назар кардем, дар моддаи 53-юми он чунин имтиёзҳо барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф  пешбинӣ шудаанд:

— мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

— ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

— ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

— аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

— барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

— барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

— омўзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

— ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омўзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

— барои омўзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омўзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

— бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ,инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

— омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода менамоянд;

— омӯзгороне,ки собиқаи кории бефосилаи на кам 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муасисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

— бо омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ,тартиб ва шарти пардохти рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

— барои омӯзгорони ҷавоне,ки дар деҳот фаъолият менамоянд,барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад,ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад,ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

АКС: ltsuc.tj 

Май 5, 2022 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 47 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд
Ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос гардид
Беш аз 1000 корманди соҳаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст
Панҷ ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши либоси мактабӣ оғоз мешавад
Вазорати маориф ва илм: «Имсол зиёда аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд»
Ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводҳои ғизои мактабӣ дастрас мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 19 кВт ба истифода дода шуд
Дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда, дар кишварҳои Аврупо рисолаи доктор PhD-ро ҳимоя намудаанд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар Турсунзода бинои иловагии панҷ муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ мактаби тобистона ба кори худ оғоз намуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 2024 эълон намуд