Доварони тоҷик бозиҳои Ҷоми КФО-2022 ва марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро ҳакамӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Доварони Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 ва марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзалро ҳакамӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Довари 30-солаи ФИФА оид ба футзал Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзалро дар минтақаи Шарқӣ дар Малайзия ҳакамӣ кард. Дар бозии Ҷопон – Муғулистон (15:0) ба ҳайси довари марказӣ кор карда, дар бозии Ҷопон – Тайбейи Чин (7:1) ба ҳайси ёвари якуми довари марказӣ ва дар бозии Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон (0:9) ба ҳайси ёвари дуюм фаъолият намуд. Илова бар ин, Муртазоев дар бозиҳои Муғулистон – Ҳонконг (1:1) ва Тайбейи Чин – Муғулистон (6:1) довари эҳтиётӣ буд.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ба ҳайси довари марказӣ бозии гурӯҳи «В»-и Ҷоми КФО-2022-ро миёни дастаҳои «Шабоб Ал-Халил» (Фаластин) – «Ҷофар» (Уммон) – 0:3 ҳакамӣ карда, чун довари эҳтиётӣ дар қувваозмоиҳои дастаҳои «Арабӣ» (Кувайт) – «Шабоб Ал-Халил» (Фаластин) – 1:0 ва «Ал-Риффа» (Баҳрайн) – «Шабаб Ал-Халил» (Фаластин) – 3:1 фаъолият намуд.
Довари дигари Тоҷикистон – довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) ба ҳайси довари асосии бозии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «А» байни бошгоҳҳои «Ҷаблеҳ» (Сурия) – СК «Кувайт» (Кувайт) – 0:0 фаъолият намуд. Ин довари шаҳри Душанбе ҳамзамон дар бозии «Ал-Ансор» (Лубнон) – СК «Кувайт» (Кувайт) – 0:0 вазифаи довари чорумро иҷро кард.
Акс: ФФТ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






