ФУТБОЛ. Дар Душанбе Чемпионати CAFA миёни наврасони то 16-сола баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 20 май дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола баргузор мешавад. Дар он панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин дастаи минтақа миёни ҳам мубориза мебаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар чемпионати мазкур дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Дар маҷмӯъ дар доираи Чемпионати CAFA-2022 байни наврасон то 16-сола даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)
Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН
Эрон
Афғонистон
Узбекистон
Қирғизистон
Даври 1
13 май (ҷумъа)
18:00. Узбекистон – Эрон
21:00. Афғонистон – Қирғизистон
Даври 2
14 май (шанбе)
18:00. Афғонистон – Узбекистон
21:00. Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
16 май (душанбе)
18:00. Эрон – Қирғизистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Даври 4
18 май (чоршанбе)
18:00. Эрон – Афғонистон
21:00. Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00. Қирғизистон – Узбекистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Эрон
Акс: ФФТ








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






