ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Рушди УЕФА соҳиби ҷойи дуюм гардид
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Скопйеи Македонияи Шимолӣ Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА ба анҷом расид, ки дар он дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов мақоми дуюмро касб карда, сазовори медалҳои нуқра гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи рушди УЕФА дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон се бозӣ анҷом дод. Дастпарварони Зайниддин Раҳимов ҳамсолони худро аз Гондурас бо ҳисоби 3:1 шикаст дода, аз дастаҳои мунтахаби наврасони Македонияи Шимолӣ (вақти асосӣ – 3:3, дар пеналти – 4:5) ва Косово (вақти асосӣ – 0:0, аз рӯи пеналти – 3:4) мағлуб шуданд.
Дар натиҷа дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон панҷ имтиёз ба даст овард. Ғолиби мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Косово (6 хол) гардид. Зинаи сеюми ифтихориро дастаи мунтахаби наврасони Македонияи Шимолӣ (4 хол) гирифт.
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи пеналти – 5:4
Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.
Косово – Гондурас – 2:0
Даври 2
Гондурас – ТОҶИКИСТОН – 1:3
Голҳои Тоҷикистон: Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев, Масрур Ғафуров.
Македонияи Шимолӣ – Косово – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3
Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Косово – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:4
Македонияи Шимолӣ – Гондурас – 0:1
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






