ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сурия дар мавриди баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон рӯзи 1 июн дар Дубай баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай тими миллии Тоҷикистон ба Бишкек рафта, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони тими мо Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






