ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё-2022 ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Барои иштирок дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 20 то 28 май баргузор мешавад, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст. Пеш аз марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ҳарифони бозиҳои рафиқона баъдтар маълум мешаванд.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни имсол дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) ҳастанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);
Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.
Акс: ФФТ








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






