ФУТБОЛ. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозии дӯстона доир мекунад

Май 29, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев моҳи июн дар Душанбе ду бозии дӯстона бозии дӯстона доир мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

«Рӯзҳои 2-юм ва 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои ҷавонони то 20-солаи  Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд. Ин вохӯриҳо соати 20:00 оғоз мешаванд»,- иттлоъ доданд дар ФФТ.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Дастаҳои  Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони  ҷавонони мо мебошанд. Даври интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Вохӯриҳои рафиқона

 2 июн (панҷшанбе)

Оғоз — соати 20:00

ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

4 июн (шанбе)

Оғоз — соати 20:00

ТОҶИКИСТОН (U-20) – АМА (U-20)

 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Акс: ФФТ

Май 29, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд