ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати CAFA миёни наврасони то 16-сола оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола оғоз шуда, то 20 май идома меёбад. Дар он панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин дастаи минтақа миёни ҳам мубориза мебаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар чемпионати мазкур дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Дар маҷмӯъ дар доираи Чемпионати CAFA-2022 миёни наврасони то 16-сола даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)
Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН
Эрон
Афғонистон
Узбекистон
Қирғизистон
Даври 1
13 май (ҷумъа)
18:00. Узбекистон – Эрон
21:00. Афғонистон – Қирғизистон
Даври 2
14 май (шанбе)
18:00. Афғонистон – Узбекистон
21:00. Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
16 май (душанбе)
18:00. Эрон – Қирғизистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Даври 4
18 май (чоршанбе)
18:00. Эрон – Афғонистон
21:00. Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00. Қирғизистон – Узбекистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Эрон
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






