ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати CAFA миёни наврасони то 16-сола оғоз мешавад

Май 12, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ  дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола оғоз  шуда,  то 20 май идома меёбад. Дар он панҷ даста барои дарёфти унвони беҳтарин дастаи  минтақа миёни ҳам мубориза мебаранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар чемпионати мазкур дастаҳои  мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Дар маҷмӯъ дар доираи Чемпионати CAFA-2022 миёни наврасони то  16-сола даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор  мегарданд.

Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои наврасони то 16-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)

Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН
Эрон
Афғонистон
Узбекистон
Қирғизистон

Даври 1
13 май (ҷумъа)
18:00. Узбекистон – Эрон
21:00. Афғонистон – Қирғизистон

Даври 2
14 май (шанбе)
18:00. Афғонистон – Узбекистон
21:00. Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3
16 май (душанбе)
18:00. Эрон – Қирғизистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4
18 май (чоршанбе)
18:00. Эрон – Афғонистон
21:00. Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00. Қирғизистон – Узбекистон
21:00. ТОҶИКИСТОН – Эрон

Акс: ФФТ

Май 12, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад