ФУТБОЛ. «Равшан», «Файзканд» ва «Эсхата» дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 май бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чемпиони феълии Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ду бозӣ пайиҳам пирӯзӣ ба даст оварда наметавонад. Ин навбат дастаи Виталий Левченко бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозиро мусовӣ- 1:1 анҷом дод. Ба голи задаи Ҷаҳонгир Эргашев душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ҷавоб доданд.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз шуд. Қаҳрамони бозӣ Дилшод Бозоров гардид, ки аввалин хет-трикро дар мавсим иҷро кард.
Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сафар дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голи Шавкат Ҳотам ва голи Амирҷон Сафаров ба дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се хол оварданд.
Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан пайиҳам ба бохти чорум рӯ ба рӯ шуд. Дастаи футболи «Истаравшан» ин дафъа аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Ягона голи ин рақобати ҷолибро легионер Куасси Инносент ба нишон расонид.
Ниҳоят дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар даври ҳафтум дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ягона Нуриддин Ҳамроқулов буд, ки дақиқаҳои иловагӣ ба вақти асосии вохӯрӣ — 90+3 пеналтиро ба фоидаи дастааш анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 18 ва 22 май ба нақша гирифта шудаанд. 18 май мо шоҳиди чор бозӣ миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода хоҳем шуд.
Як бозии дигар 22 май миёни дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
Акс: ФФТ









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






