ФУТБОЛ. «Равшан», «Файзканд» ва «Эсхата» дар даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Май 17, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 май бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар  сатҳи баланд баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чемпиони феълии Тоҷикистон- дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ду бозӣ пайиҳам пирӯзӣ ба даст оварда наметавонад. Ин навбат дастаи Виталий Левченко бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозиро мусовӣ-  1:1 анҷом дод. Ба голи задаи Ҷаҳонгир Эргашев душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз шуд. Қаҳрамони бозӣ Дилшод Бозоров гардид, ки аввалин хет-трикро дар мавсим иҷро кард.

Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сафар дастаи  «Равшан»-и ноҳияи  Зафарободро  бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ду голи Шавкат Ҳотам ва голи Амирҷон Сафаров ба дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се хол оварданд.

Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан пайиҳам ба бохти чорум рӯ ба рӯ шуд. Дастаи футболи «Истаравшан» ин дафъа аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Ягона голи ин рақобати ҷолибро легионер Куасси Инносент ба нишон расонид.

Ниҳоят дастаи футболи  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар дар даври ҳафтум дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Муаллифи голи ягона Нуриддин Ҳамроқулов буд, ки дақиқаҳои иловагӣ ба вақти асосии вохӯрӣ — 90+3 пеналтиро ба фоидаи дастааш анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 18 ва 22 май ба нақша гирифта шудаанд. 18 май мо шоҳиди чор бозӣ миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан, «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода хоҳем шуд.

Як бозии дигар 22 май миёни дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  баргузор  мегардад.

Акс: ФФТ

Май 17, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид