ФУТЗАЛ. Имрӯз маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 баргузор мегардад

Май 25, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 13:00 ба вақти шаҳри Душанбе маросими қуръакашии сабқатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё -2022 миёни  дастаҳои мунтахаби  то 20-сола  оғоз  мешавад. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори ёздаҳум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади сеюм қарор гирифт. Ин маънои онро дорад, ки футзалбозони мо аниқ дар як гурӯҳ бо Тайланд, Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бозӣ намекунанд. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чаҳордастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:

 Сабади 1: Кувайт, Эрон, Ҷопон, Узбекистон.

Сабади 2: Ироқ, Лубнон, Ветнам, Баҳрайн.

Сабади 3: Таиланд, Тайбейи Чин, ТОҶИКИСТОН, Кореяи Ҷанубӣ.

Сабади 4: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркманистон, Уммон.

                                                                                                        Акс: ФФТ

 

Май 25, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад