ГӮШТИНИ ЮНОНӢ-РИМӢ. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон ширкат доранд

Май 4, 2022 14:21

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 май дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ ба хотири Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола оғоз гардид, ки дар он 5 гӯштингари тоҷик иштирок доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 5 варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Сиёвуш Очилов (63кг), Шероз Очилов (72кг), Султон Саидзода (72кг) ва Русланҷони Рустамҷон (82кг) ба Қазоқистон сафарбар гардидаанд. Онҳоро дар ин сафар мураббӣ Фаррухрӯз Раҳмонов ва довар Ҷаҳонгир Аланазаров ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар доираи мусобиқа ҳамчунин курси омӯзишӣ барои доварон баргузор шуд, ки дар он Ф. Раҳмонов ва Ҷ. Аланазаров ширкат карданд. Машғулияти назариявӣ анҷом ёфта, дар доираи мусобиқа машғулияти амалӣ сурат мегиранд, ки дар натиҷа ба иштирокчиён сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ тақдим мешавад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 4, 2022 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд