«ЛИВЕРПУЛ»- АВВАЛИН ФИНАЛИСТИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. Дастаи Англия бори 10-ум ба финали ин мусобиқа роҳ ёфт

Май 4, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ливерпул»-и Англия дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии Лигаи чемпионҳо бар «Вилярреал»-и Испания бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар Вилярреал баргузор шуд.

Дар нимаи аввал «Вилярреал» бо талошҳои Булайе Диа ва Франсис Кокелен ду гол зад. Капу дар ҳарду гол нақши ёрдамчиро бозид. Дар нимаи дуюм Фабино ба шарофати хатои дарвозабони «Вилярреал» як тӯб зада, каме баъд Луис Диас ҳисобро баробар кард. Садио Мане голи ғалабаоварро ба нишон расонид.

Дар бозии аввал «Ливерпул» бар «Вилярреал» бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Дар финал шогирдони Юрген Клопп бо ғолиби ҷуфти «Манчестер Сити» — «Реал Мадрид» бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бозии финалии Лигаи чемпионҳо 28 май дар варзишгоҳи «Стад де Франс» дар канори Париж баргузор мешавад. Аввал дар нақша буд, ки ин бозӣ дар Санкт-Петербург доир шавад, аммо моҳи феврал Иттиҳоди футболи Аврупо (УЕФА) тасмим гирифт, ки макони бозиро ҷойи дигар интихоб намояд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд