Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад

Май 31, 2022 13:28

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 майи соли 2022, соати 09:30 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, ки аз 18 майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз роҳбарони гурӯҳи террористӣ Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар дастгир гардид.

Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хати Сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст, 1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 адад пулемёти Калашников бо 150 дона тир, 1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла, 4 автомати Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 адад норинҷаки дастӣ ва 2 адад таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Барои таслим шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткорон чандин маротиба таъкид шуда буданд. Вале, ҳар маротиба, онҳо ин даъватҳоро сарфи назар карда, аз кирдорҳои ҷиноятии худ даст накашида, аз пайгарди мақомот пинҳон мешуданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Рӯшони ВМКБ гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда ба колоннаи мошинҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти edmeds24.com зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ ҶТ ҳамлаи мусаллаҳона намуда буданд, ки бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Акс: ВКД ҶТ

Май 31, 2022 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд