МИНА ГУЛИ – ДАР ТОҶИКИСТОН: МАРАФОНИ ҶАҲОНӢ ИДОМА ДОРАД. Он баҳори соли оянда дар Ню-Йорк ба анҷом мерасад

Май 20, 2022 13:07

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 5-и субҳ ба вақти маҳаллӣ шаҳрванди Австралия Мина Гули аз меҳмонхонаи ноҳияи Фархор ба самти маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дави сеюми худро оғоз намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Дилором Шералиева иттилоъ дод.

Тавре гуфта мешавад, масофаи дави Мина 42,2 километрро ташкил медиҳад. Дави дуюми ӯ 18 май, соати 5-и субҳ аз даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритӯс оғоз шуда, ба самти ҷануб ба сӯи Амударё то наздикии қаламрави Айвоҷ идома ёфт. Тибқи барномаи марафон, дар Тоҷикистон 10 марафони дав баргузор мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дави Мина Гули дар Тоҷикистон 16 май дар самти «Панҷакент — Айнӣ – Душанбе» ба масофаи 42 километр оғоз шуд.

Дар бораи марафони ҷаҳонӣ

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси СММ оид ба об-2023 Мина Гулии австралиягӣ, ки ҳомии муҳити зист ва президенти Фонди «Thirst» (Ташнагӣ) оид ба ҳифзи захираҳои об мебошад, тасмим гирифт саёҳати ҷаҳонӣ анҷом дода, дар якчанд кишварҳои ҷаҳон марафони дав ташкил намояд. 16 май дар доираи марафони ҷаҳонӣ ӯ ба Тоҷикистон омад.

Марафони дав дар Тоҷикистон то 10 июн идома меёбад. Дар ин муддат Мина Гули нақша дорад, ки 10 марафонро дар масофаи 458,2 километр тай карда, аз манбаъҳои ғании оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии «Роғун»-у «Норак» ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намояд.

Ӯ ҳамчунин нақша дорад, ки дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-8 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат варзад.


Мина Гули кист?

Гули Эмма Серафина Линдсейи 51-сола (Guli Mina), ки бештар бо номи Мина Гули маъруф аст, соҳибкори австралиягӣ дар соҳаи муҳити зист аст. Ӯ президенти Фонди «Thirst» (Ташнагӣ) оид ба захриаҳои об дар Ҳонконг мебошад.

Мина дар наздикии шаҳри Мелбурни Австралия таваллуд шудааст ва дар донишгоҳи маҳаллӣ таҳсил кардааст. Соли 1993 ӯ президенти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи Монаш интихоб шуд.

Дар синни 22 ба сари Мина ҳодисаи нохуш омад: ӯ дар пайи ҳодисае дар ҳавз пушташро захмӣ кард ва табибон ба ӯ гуфтанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ давида наметавонад. Аммо ӯ шикаст нахӯрда, машқро идома дод.

Мина баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ҳуқуқшинос дар бахши энергетика ва инфрасохтор кор кардааст. Соли 1999 дар биржаи фючерсии Сидней дар рушди бозорҳои карбон дар Австралия иштирок намуд.

Соли 2002 ӯро Бонки ҷаҳонӣ барои кумак дар таҳияи лоиҳаҳои тиҷорати карбон дар Чин, Ҳиндустон, Непал ва Индонезия ба кор даъват кард.
Ӯ собиқ муовини раиси Палатаи савдои Австралия дар Чин аст. Соли 2005 ба кори ҷамъиятии худ баргашт ва фаъолиятро дар масъалаҳои энергияи барқароршаванда ва тағйирёбии иқлим идома дод.

Гули мушовири стратегии Ҳамкории муштараки ИМА ва Чин оид ба энергияи тоза ва узви Шӯрои ҷаҳонии рӯзномаи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ оид ба истеъмоли устувор мебошад. Соли 2010 дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ ҳамчун роҳбари ҷавони ҷаҳонӣ интихоб шуд.

Лайло ТОИРӢ,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/котиботи Конфронси дуюми сатҳи байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Май 20, 2022 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид