«МО БА САҲМ ВА ФИДОКОРИҲОИ БЕШ АЗ 250 000 ТОҶИКОН ДАР ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОНӢ ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРЕМ». Сафорати ИМА дар Душанбе мардуми Тоҷикистонро ба шарафи Рӯзи Ғалаба табрик кард
ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Душанбе мардуми Тоҷикистонро ба муносибати солгарди 77-уми пирӯзии неруҳои муттафиқин бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ИМА дар Душанбе хабар медиҳад.
«Мо ба саҳм ва фидокории беш аз 250 000 тоҷикон, ки миёни 34 миллион нафар сарбозони Артиши Сурх дар иттиҳод бо Иёлоти Муттаҳида, Британия, Лаҳистон, Фаронса ва дигар иттифоқчиён хизмат кардаанд, эҳтиром мегузорем», — омадааст дар табрикоти сафорат.
Гуфта мешавад, ки кормандони Сафорати ИМА ин рӯзро бо ёдоварӣ аз ниёгони мо, ки дар ин ҷанг корнамоӣ нишон додаанд, ҷашн хоҳанд гирифт.
«Якҷоя неруҳои мо паҳлӯи ҳам мубориза бурданд, то итминон ҳосил кунанд, ки даҳшати Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳаргиз такрор нахоҳад шуд», — зикр шудааст дар табрикот.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






