Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи барномаи «Shusha – ECO Tourism Capital 2026», дар шаҳри Шуша павилиони миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон (АМСТ), Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд. Дар павилион мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон, мероси табиӣ ва фарҳангию таърихии кишвар, инчунин имкониятҳои соҳаи сайёҳии он муаррифӣ карда шуданд.
20 ноябр дар шаҳри Боку вохӯрии корӣ дар қолаби B2B, ки аз ҷониби Бюрои сайёҳии Озарбойҷон (Azerbaijan Tourism Board) дар доираи сафари шиносоии намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ташкил гардида буд, баргузор шуд.
Дар доираи B2B намояндагони панҷ ширкати сайёҳии Тоҷикистон бо ҳамтоёни озарбойҷонии худ вохӯриҳои дуҷонибаи корӣ баргузор намуда, масъалаҳои рушди ҳамкорӣ, ташкили сафарҳои мутақобилаи сайёҳӣ, пешбурди хатсайрҳои сайёҳӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои нави тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон













Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд






