МО СИПАРИ ВАТАН ШАВЕМ! 120 нафар донишҷӯёни Хатлон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. То ба имрӯз беш аз 120 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони донишгоҳ, намондагони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.
Ҳоло 35 нафар хатмкунандагони факултети сиёсат ва идораи давлатии ин донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, хатмкунандагони 12 факултети дигари донишгоҳ омодаи хизмати содиқона ба Ватан мебошанд.
Зикр гардид, ки ихтиёран ба хизмат ҳозир шудани ҷавонони ғаюру ватандӯст бозгӯи он аст, ки анъанаҳои неки аҷдодӣ, қаҳрамонию ҷоннисориҳои падарону бобоён дар роҳи ҳифзи хоки Ватан, таъмини сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ин ворисони арзанда идома меёбад.
Падару модарони наваскарон аз ин иқдоми пешгирифтаи фарзандонашон рӯҳбаланд гашта, зикр намуданд, ки бо чунин фарзандон ифтихор мекунанд.
Сафи хоҳишмандони хизмат ба Ватан рӯз то рӯз бештар гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи дигари донишҷӯён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад.
АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон










Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






