МУСОБИҚАИ УЕФА. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) аз дастаи Македонияи Шимолӣ дар силсилазарбаҳои пеналтӣ шикаст хӯрд

Май 4, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии якуми Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол бо ҳамсолони худ аз Македонияи Шимолӣ ба майдон баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров як голро ба нишон расонид.

Тибқи низомномаи мусобиқот, дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11- метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4.

Дар даври дувуми Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) 5 май бо дастаи Гондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1

Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 3:3. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ – 5:4

Голҳои Тоҷикистон: Билол Бобоев (2), Масрур Ғафуров.

19:00 – Косово – Гондурас

Даври 2

5 май (панҷшанбе)

19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово

Даври 3-юм

8 май (якшанбе)

14:00 – Македонияи Шимолӣ – Гондурас

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово

Эзоҳ: Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Акс: ФФТ

Май 4, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд