Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон аз маконҳои сайёҳии вилояти Суғд дидан менамоянд

Май 5, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 май бо роҳбарии масъулини Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон намояндагони ширкатҳои сайёҳии ин кишвар вориди вилояти  Суғд шуданд. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ«Ховар» хабар дод.

Сафари меҳмонон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда сурат гирифта, ҳадаф аз сафари намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон шиносоӣ бо ҷойҳои истироҳативу маконҳои сайёҳии вилояти Суғд ва таҳкими  робитаҳо дар самти рушди сайёҳӣ мебошад.

Зимни сафар, ки рӯзҳои 5, 6 ва 7 май идома меёбад, меҳмонони узбекистонӣ аз бозори «Панҷшанбе», масҷиди марказии «Шайх Маслиҳатддин», осоишгоҳҳои «Шифо», «Баҳористон», Маркази таълимии Бонки миллӣ, Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Муғ», маҷмаии таърихии «Сари мазор», Панҷакенти қадим, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, оромгоҳи Устод Рӯдакӣ, пойгоҳи бостоншиносии «Саразм» ва дигар иншооти сайёҳиву фарҳангӣ ва таърихӣ боздид мекунанд.

АКС аз бойгонӣ

Май 5, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид