Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон муайян гардиданд

Май 11, 2022 16:01

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 — 9 май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба федератсияи мазкур.

Мусобиқа ба таври инфиродӣ миёни мардҳо ва бонувон хеле ҷолиб сурат гирифт. Дар он 56 варзишгар – 32 мард, 24 зан аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат карданд. Дар натиҷа миёни мардҳо ҷои якумро Афзал Маҳмудов (Суғд) сазовор шуд. Ҷои дуюм насиби Убайдулло Султонов (Душанбе), ҷои сеюм насиби Муҳаммад Зоҳидов (Суғд) гардид. Миёни бонувон Манижа Самадова (Душанбе) ғолиб шуд. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ бар Сабрина Муродӣ (Суғд) пирӯз гардид. Ҷои сеюмро Меҳринисо Шарипова (Хатлон-2) ишғол намуд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Ҳакимзода, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода иштирок карда, ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷом, медал, ифтихорнома ва ҷоизапулӣ тақдим карданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 11, 2022 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад