ҶОМИ ФЕДЕРАТСИЯИ ТЕННИСИ ТОҶИКИСТОН. Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ муайян шуданд

Май 17, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9-14 май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар мусобиқа 64 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Дар натиҷа дар сабқатҳои инфиродӣ миёни бонувон варзишгарон Кира Матушкина ҷои аввал, Виктория Милованова ҷои дуюмро ишғол намуданд. Миёни писарон Олег Колнинов мақоми аввал, Ислом Орунбасар аз Қазоқистон мақоми дуюмро ишғол намуданд.

Дар сабқати ҷуфти писарон Ислом Орунбасар ва Артур Хайрутдинов аз Қазоқистон ғолиб шуданд. Онҳо дар финал Артём Алексейчук ва Думше Германро шикаст доданд. Миёни бонувон ҷуфти Милина Субҳонқулова/Варвара Паншина ҷои аввал, ҷуфти Раисса Петровская/Каракат Коилбаева аз Қазоқистон ҷои дуюмро гирифтанд.

Ин мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба теннис буд, ки дар Душанбе баргузор гардид. 18-22 апрел Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон «Dushanbe Cup», 23-28 апрел Мусобиқаи байналмилалии “Dushanbe Open” миёни наврасон, 2-7 май Мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” миёни ҷавонони то 18-сола баргузор шуда буданд.

Ҳамчунин дар оянда баргузории мусобиқаҳои дигари сатҳи байналмилалӣ оид ба теннис ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла 8-13 август баргузории Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис, 15-20 август “Dushanbe Open”, 3-8 октябр “Dushanbe Cup” ва 10-15 октябр “Somoni Cup” миёни ҷавонони то 18-сола дар назар аст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 17, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад