ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ДЗЮДО МИЁНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН. Паҳлавонони тоҷик соҳиби медалҳои тилло ва биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 12-15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби ду медал — як тилло ва як биринҷӣ гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52кг), Ҷасур Лутфишоев (-55кг), Худодод Шанбиев (-60кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳар ду -66кг) муаррифӣ карданд. Мутаассифона, мусобиқаи мазкур барои варзишгарони навраси тоҷик бо нокомӣ – бидуни медал анҷом ёфт.
Дар сабқатҳо миёни ҷавонон Тоҷикистонро 8 нафар: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳар се -66кг), Ҳоҷибек Мухторов (-73кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳар ду -81кг), Муҳсин Малаев (-90кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) намояндагӣ карданд.
Аз миёни онҳо Абубакр Шеров ба гирифтани медали тилло ва Парвиз Абдураҳмонов ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд. Абубакр Шеров (-66кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Бекзод Каиргалиев пирӯз шуда, дар даври сеюм бар варзишгари дигари мизбон Куралбек Саталиев ғалаба кард. Дар даври чорякфинал Абубакр муқобили паҳлавони Узбекистон Муҳриддин Ғиёсов қарор гирифта, пирӯз шуд. Ӯ сипас дар нимфинал бар Нурдавлат Базиржани қазоқ ва дар финал бар Азизбек Ортиқови узбекистонӣ дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардид.
Парвиз Абдураҳмонов (-100кг) дар даври якум бар Динассил Таттимбеки қазоқ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари Узбекистон Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хӯрд. Сипас, дар даври тасаллобахш Темирлан Кайролда ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Габдулманап Ерассилро (ҳар ду варзишгари мизбон) шикаст дода, барандаи медали биринҷӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон 473 варзишгар аз 6 давлат ширкат карданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






