«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН». Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатӣ барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи моҳвораи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 21 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.
Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, ҷоизадори бозиҳои олимпии Лондон — 2012 Мавзуна Чориева, варзишгари маъруф Саидҷалол Саидов, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони Академия иштирок намуданд.
Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори нав ва неруи муҳими пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин намояд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ин қишри аҳолӣ диққати калон медиҳад».
Сураҷ Чоршанбезода тазаккур дод, ки «ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа, неруи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат буда, дар замони муосир бисёр тағйироти мусбати ҷомеа аз онҳо вобаста аст. Таваҷҷуҳ ба ҷавонон – ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони давлату миллат аст».
Дар хатми ҳамоиш ба донишҷӯёну кормандони фаъоли Академия дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва сипосномаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ











Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






