Пагоҳ ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мешавад

Май 23, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 май нишасти Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад, ки дар он ҷонибҳо хатару таҳдидҳои амниятиро баррасӣ мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти СААД иттилоъ додааст.

«24 май таҳти раёсати вазири дифои Ҷумҳурии Арманистон Сурен Папикян ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шакли видео-конфронс баргузор мешавад,-омадааст дар хабар.- Иштирокчиёни ҷаласа хатару таҳдидҳо ба амнияти низомиро дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии кишварҳои узви СААД баррасӣ хоҳанд кард».

Тавре дар созмон зикр намуданд, дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли СААД Станислав  Зас ва сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров иштирок менамоянд. «Зимни ҷаласа баррасии нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва ташкили қувваҳою воситаҳои системаи амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои соли 2023, лоиҳаи қарорҳои мақомоти оинномавӣ оид ба ташкили муштараки ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвию биологӣ ва таъминоти тиббии СААД дар назар аст»,-изҳор доштанд дар хадамоти матбуоти СААД.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҳуҷҷатҳо оид ба «такмили фармондеҳӣ ва назорати неруҳо (қувваҳои дастҷамъӣ)-и СААД ва тарҳи қарорҳои Шӯро оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар бораи созмони таҳқиқотии бунёдии кишварҳои узви СААД дар заминаи таҳқиқоти рушди мушкилоти муборизаи радиоэлектронӣ ва  ташкилоти асосии таълимию методии тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ аз рӯи ихтисосҳои чангҳои радиоэлектрониро баррасӣ менамоянд».

ДАР АКС: нишасти Шӯрои мудофиаи кишварҳои узви СААД дар Душанбе, 24 апрели соли 2021. Акс: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд