ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Истаравшан барои саноатикунонии босуръати Тоҷикистон тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии Тоҷикистон бояд аз тамоми имконият истифода бурда шавад. Ин нуктаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Истаравшан иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.
Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Бо ин мақсад Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои ҶДММ «Файзи тиҷорат», ҶДММ «Сими стандарт» ва корҳои васлу насби таҷҳизот дар ҶДММ «Зиё-Нур» шинос гардид.
Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи тиҷорат» дар деҳаи Ругунди Ҷамоати деҳоти Сабристон ҷойгир ва ба истеҳсоли маҳсулоти пахтагин машғул аст. Барои таъмини фаъолияти муназзами корхонаи коркарди пахта хатҳои нави истеҳсолӣ аз Узбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб гардидаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сими стандарт» ба истеҳсоли мех ва симтӯрҳои гуногунҳаҷм машғул аст. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз дастгириҳои давлату Ҳукумат фаъолияти худро васеъ ва номгӯи маҳсулотро бештар намояд.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зиё-Нур» васлу насби хатҳои нави истеҳсолӣ чараён дорад. Дар ин корхонаи саноатӣ масолеҳи пластикӣ ва бозичаҳои бачагона истеҳсол шуда, баъди ба итифода додани он беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Бо харҷи 1 миллион сомонӣ таҷҳизот ва хатҳои нави истеҳсолӣ аз Федератсияи Русия ва Чин ворид карда шуда, айни замон корҳои омодагӣ барои роҳандозии фаъолият идома доранд. Маҳсулоти корхона ба кишварҳои Осиёи Миёна содирот карда мешавад.
Раиси вилоят ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати ба роҳ мондани маҳсулоти содиротӣ истиқбол карда, иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии кишвар бояд аз тамоми имконият истифода бурда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






