ПИРЯХҲО. Омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи сарватҳои табиӣ дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2022 08:27

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар Душанбе 6-9 июн Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  баргузор мегардад. Дар ин ҳамоиш масоили муҳим ва мубрами сатҳи ҷаҳонӣ оид ба сарфаи оқилонаи захираҳои об, аз ҷумла ҳифзи прияхҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Мақолае, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад, ба ҳамин мавзӯи доғи рӯз бахшида шудааст.

Дар ҷаҳони муосир яке аз муаммоҳои сатҳи мубрамиятдоштаро масоили ҳифзи муҳити зисти солим ҳамчун заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсоният ташкил менамояд. Вобаста ба ин, дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми проблемаҳои мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Дар байни муаммоҳои экологӣ яке аз мавқеъҳои муосири онро масоили обшавии пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза ташкил менамояд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки дар ҷодаи ҳаллу фасли масоили экологии мавҷуда бо кӯшиши танҳо як кишвари алоҳида ба мақсади суботи экологӣ расидан ғайриимкон мебошад. Ҳамзамон, барои наҷот ёфтан аз муаммоҳои экологӣ зарурат пеш омадааст, ки дар якҷоягӣ тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон корҳои ташаббусиро роҳандозӣ намоянд. Ҳолати мазкурро мо дақиқан ба ҳалли проблемаҳои обшавии пиряхҳои азими минтақа ва ҷаҳон баръало мушоҳида менамоем.

Эмомалӣ Насриддинзода

Ҳолати болозикрро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масоили мавҷудаи экологӣ бетараф набуда, барои рафъи оқибатҳои таъсиррасонии инсоният ба табиат чораҳои гуногунсатҳро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ муқаррар ва роҳандозӣ намуда истодааст.

Махсусан масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Дар ҳамин раванд, соли 2008 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад».

Албатта, дар мавриди зикршуда ҳолати таъсири нобасомони гармшавии иқлимро нисбат ба пиряхҳо мушоҳида карда метавонем, ки дар ҳолати чораҷӯӣ нагардидан аз ҷониби мамлакати алоҳида ва ё дар якҷоягӣ давлатҳои минтақа ва ҷаҳон метавонад ба оқибатҳои ногувори табиӣ оварда расонад.

Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқию обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, барои он ки аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои ишорагардида оварда расонад.

Аз ин рӯ, нуктаи зикрёфтаи Паёмро басо муҳим ва саривақтӣ барои муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбӣ кардан мумкин аст.

Дар баробари ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 таъкид ба амал оварда шуд, ки “Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.

Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.

Дигар ҷанбаи муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, ин таъсири он ба захираҳои оби ширини ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об — захираи ивазнашаванда, дорои аҳамияти асосӣ ҷиҳати рушди устувор, нигоҳдории ҳаёт дар сайёра, таъмини саломатӣ ва некуаҳволии аҳолии ҷаҳон мебошад.   Ҳоло дар шароити тағйирёбии иқлим дар хушкӣ, махсусан дар ноҳияҳои хушку камбориши сайёра, масъалаи обтаъминкунии аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобаста аст, бисёр шадид меистад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ширин кам шуда, сифати он паст мегардад.

Дар ин замина, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таъкид ба амал оварда шуд: «Ҳамзамон бо ин, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст».

Албатта, барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян карда шуданд, тамоми сохторҳои марбутаи ваколатдори давлатӣ дар ҳамоҳангӣ бояд ҳар як нуктаи онро аз мадди назар дур насохта, дар амал татбиқнамоии онро таъмин намоянд.

Барои он ки масоили экологӣ, алалхусус ҳифзи пиряхҳо, метавонад ба суботи экологии наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва ҳатто минтақа созгор бошад. Бинобар ин, бояд боз ҳам масоили робитаҳои берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захираҳои пиряхҳои ҳудуди мамлакат ва омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо ҷоннок карда шаванд.

Тоҷикистон низ тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин раванд саҳми муносиб дорад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаро қабул карда, кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими об гардид.

Дар зимн, бо ташаббуси кишвари мо, аз ҷумла соли 2016, Қатънома дар хусуси  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», қабул карда шуд. Меҳвари талошҳои онро такон ва суръати тоза бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об бо мақсади ноил гаштан ба        Ҳадафҳои Рушди Устувор ташкил медиҳанд.

Ҳадафҳои Рушди Устувор худ таъмини зиндагии шоиста барои насли оянда мебошад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо он суръату талошҳое, ки мо имрӯз дорем, расидан ба он, бахусус дар қисмати об, хеле мушкил  мебошад.

Мутаассифона,таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим, ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор сохтаанд. Чунин ҳолат таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисёр возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.

Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (шаҳри Душанбе, тариқи маҷозӣ (онлайн), 23 апрели соли 2022 таъкид ба амал оварданд, ки Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад.

Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворият ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли пешвоёни эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.

Нуктаи муҳими дигар дар ин ҷода гирифтани уҳдадорӣ ва анҷоми амалҳои мушаххаси ҳадафмандона мебошад. Ба ин хотир, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор” “Раванди оби Душанбе”-ро оғоз  бахшида,  соли 2018  Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6 то 9 июни соли ҷорӣ дар назар дорад.

Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза, хизмат карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт.

Бояд таъкид намуд, ки тамоми ҳадафҳои кишвари мо барои суботи экологии сайёра равона гардида, бештар дорои хислати прогрессивӣ мебошад. Яъне, тамоми тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардонда мешаванд, доираи ояндаи миёнамуҳлат ва дурнамои соҳаи мазкурро фарогир мебошанд.

Дақиқияти андешаҳои болозикрро мо метавонем аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало мушоҳида намоем, ки чунин зикр намудаанд: “Мавриди зикр аст, ки Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Зимнан, интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳамоиши ҷаҳонӣ дар соҳаи об хеле зиёд аст ва кишварҳои мо тавассути омодагирии фарогиру ҳамаҷониба саъй карда истодаанд, то Конфронси мазкурро дарвоқеъ натиҷаовар гардонанд. Итминон дорам, ки дар татбиқи ин масъулияти бузург ҳамаи  ҷонибҳои  манфиатдор, минҷумла кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, моро дастгирӣ хоҳанд кард”.

Бо назардошти андешаҳои болозикр бояд таъкид намоем, ки эҳтимол дар натиҷаи гармшавии иқлим дар бисёр минтақаҳо ғайричашмдошт ва бо суръати таҳдидкунанда обшавии пиряхҳо, ки манбаи оби нӯшокианд, ба назар мерасад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо дар давоми панҷоҳ соли охир дар кӯҳҳои Помир, ки ганҷинаи табиии оби тоза мебошанд, захираи пиряхҳо ду баробар кам шудааст. Агар ин ҳолат бетағйир монад, оқибатҳои онро тасаввур кардан мушкил нест.

Дар баробари ин, ба андешаи коршиносони масоили обуҳавошиносӣ тағйирёбии иқлим аз ҳисоби дигаргуншавии ҳаракати анбӯҳи ҳаво ва ҷараёнҳои атмосферӣ, аз ҷумла ихроҷ шудани гази зарарноки карбон, ба амал меояд. Тағйирот, аллакай, чанд даҳсола мушоҳида мешавад. Масалан, солҳои 60-ум, ки сербарфтарин ба ҳисоб мераванд, барфу борон аз меъёр зиёд борид. Қобили зикр аст, ки танҳо баъди муддати тулонӣ, яъне соли 2008, чунин воқеа такрор шуд.

Ҳоло таҷҳизоти пешқадамтарини ҷопониву амрикоӣ аз мунтазам баланд шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ  менамоянд, ки ташвишовар аст. Мувофиқи онҳо, дар муқоиса ба солҳои 1961–1990 соли 2030 ҳарорати миёнаи солона дар тамоми манотиқи мамлакат 0,2°C – 0,4°C баланд мешавад. Ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳӣ назар ба даштҳо ва минтақаҳои хушк бо суръати тезтар баланд мегардад.

Ҳолати болозикр яке аз омилҳои меҳварӣ дар нобудшавии захираҳои муҳими пиряхҳо дар дилхоҳ минтақа ба шумор меравад, ки ҳолати буҳронӣ маҳсуб мегардад.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки талафоти солона аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ 600 миллион доллар ё 4,8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Албатта, ҳолати мазкур барои кишвари мо аз нуқтаи назари иқтисодӣ бисёр талафоти молиявии бузург маҳсуб мешавад. Бинобар ин, тадбирандешӣ намудан дар ҷодаи ҳифзи пиряхҳо барои тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ таъсиргузор боқӣ мемонад.

Бешубҳа, барои ноил шудан ба беҳ гардондани ҳолати муҳити зист дар доираи қонунгузории миллии давлатҳои алоҳида ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ гардонда мешаванд, ки яке аз онҳо Конвенсия ва Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки амалишавии он метавонад ба ҳифзи захираҳои пиряхҳо муассир бошад. Албатта, барои ба таври дахлдор мавриди иҷро қарор гирифтани санади мазкур аз давлатҳои аъзогардидаи он сахт вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, ҳадафи асосии кишварҳои аъзои Созишномаи Париж то соли 2030 коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мебошад. Кишвари мо дар ҳаҷми умумии хориҷкунии газҳои карбон дар сатҳи глобалӣ ҳиссаи кам дорад, аммо дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, масъалаи зарурати зиёд кардани ёрии молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки, аллакай, аз таъсири дигаргуншавии иқлим зарар мебинанд, дар конфронси байналмилалӣ аз мавзуи меҳварӣ буд.

Тавре дар сомонаи “Еnviromant” омадааст, маблағи ёрии молиявӣ 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он бояд ҳамасола ба кишварҳои осебпазир ҷудо шавад.

Ҳамзамон, кишварҳои ҷаҳон бори аввал дар сатҳи глобалии иқлим дар хусуси кам кардани истифодаи ангишт низ гуфтанд. Беш аз 40 кишвари ҷаҳон изҳор дошт, ки аз истифодаи он даст мекашанд, вале бузургтарин масрафкунандагони ин сӯзишворӣ дар ҷаҳон, назири Чин ва Амрико, ба ин иқдом ҳамроҳ нашуданд. Онҳо танҳо эълон доштанд, ки барои коҳиши партовҳои метан то соли 2030 (30 дарсад аз сатҳи соли 2020) тадбирҳо меандешанд, чун кам кардани метан яке аз роҳҳои муассиртарин барои коҳиши босуръати гармшавии глобалӣ ҳисобида мешавад.

Дар кишвари мо айни замон барои мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим чандин лоиҳаҳои дохиливу хориҷӣ амал мекунанд, аз ҷумла лоиҳаи “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)”.  Дар доираи лоиҳаи мазкур соли гузашта барои муҷаҳҳазгардонии шабакаҳои мушоҳидавӣ ва обуҳавошиносии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 7 стансияи худкори ҳавосанҷӣ ва 16 стансияи худкори санҷиши сифати ҳаво мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин замина, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бамаврид таъкид ба амал оварда шуд: “Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад”.

Албатта, таъкиди мазкур дар заминаи омӯзиш, таҳлил ва заминаҳои бунёдӣ рӯи кор омадааст. Аз ин хотир, барои амалигардонии мақсад ва ҳадафҳои созанда дар самти ҳифзи муҳити зист ва хоссатан захираи пиряхҳо бояд ҳар як субъекти ин раванд бо роҳи ташаббускорона саҳмгузорӣ намояд. Барои он ки дар меҳвари ин раванд таъминоти наслҳои ҳозираву оянда бо захираҳои чашмраси оби тоза қарор дорад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ДАР АКС: пиряхи Федченко. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», 10.05.2022, №88

Май 26, 2022 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Табодули мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар панҷ моҳи соли 2022 беш аз 46% афзоиш ёфт»
Владимир Путин меҳнати муҳоҷирони тоҷикро дар Русия назаррас арзёбӣ кард
ИМРӮЗ ВЛАДИМИР ПУТИН БО САФАРИ КОРӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД. Ӯ бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад
ПРЕЗИДЕНТ СУПОРИШ ДОДАНД: ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ОИД БА РУШДИ ВМКБ ТАЪМИН КАРДА ШАВАД. Дар минтақаи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини Тоҷикистон тараққиёти босуръати соҳаҳо пешбинӣ мешавад
«Пояндаву абадӣ бод Ваҳдати миллии мо!»,- бардошт аз тантанаҳои идона дар вазорату идораҳо ва дигар мақомоти Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун сабақи омӯзандаи таърихӣ ва нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид
Президенти мамлакат мардуми Тоҷикистонро ба он даъват намуданд, ки ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бошанд
Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид: «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муттаҳидию ҳамраъйии мардум мусоидат кард»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро номбар карданд
«ДАР ДУНЁ ҲЕҶ НЕРУЕ БУЗУРГТАР АЗ ҚУВВАИ ВАҲДАТ НЕСТ!». Чунин иброз медорад мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур Зебинисо Султонова
ҚУВВАИ МО ДАР САРҶАМЪИСТ. Мулоҳизаҳои сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода дар пешорӯи Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АҲАМИЯТИ МИЛЛИВУ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода