Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Аълоҳазрат,
Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини моро ба муносибати интихоб гардиданатон ба сифати Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб бипазиред.
Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олии давлатӣ муносибатҳои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.
Мо раванди рушди робитаҳои гуногунҷанба миёни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалӣ дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои минбаъдаи муштарак дар ин ҷода изҳор менамоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзумандам».








Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд






