Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд

Май 30, 2022 18:18

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.

Дар вохурӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд миёни Тоҷикистону Эрон барои ҳалли масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба муфид медонем.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф муҳокима карда шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя андешаронӣ карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки мардумони дӯсту бародари ду кишварро арзишҳои волои фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиё, аз ҷумла Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф 30.05.2022

Май 30, 2022 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд