Рӯзҳои умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар муайян гардиданд

Май 11, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба моддаи 2-и Қонуни амалкунанда ворид намудани илова пешбинӣ шудааст. Тибқи он 15 март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва 1 июн- рӯзи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти  назорати маводи нашъаовар муайян карда шуданд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар иҷлосия Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Русия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ зимни баррасии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи аз ҷониби Федератсияи Русия расонидани кумаки бебозгашти молиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ иброз намуданд, ки мутобиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Федератсияи Русия кумаки бебозгашти молиявӣ барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар қисмати сарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон пешниҳод карда мешавад.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили Маҷлиси намояндагон Баҳриддин Зиёӣ  изҳор намуданд, ки лоиҳаи қонуни зикргардида бо мақсади такмил додан, бартараф намудани такроршавӣ, ҳифзи сирри амалиёти нотариалӣ ва таъмини мутобиқсозии фаъолият, баланд бардоштани малакаи касбии тахассусии нотариусони давлатӣ ва сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», кодексҳои гражданӣ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Сарвиноз Маҷидзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» зикр намуд, ки санади мазкур мутобиқ ба талаботи моддаи 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия шудааст.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ»-ро вакили мардумӣ Файзулло Қосимӣ ва муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо муаррифӣ намуда, изҳор намуданд, ки мақсади таҳияи лоиҳа- аз байн бурдани ихтилофоти ҷойдошта дар қонуни зикргардида, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳои ҳуқуқӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 17 марти соли 2020 баён гардида буданд.

Акс: МН МО ҶТ

Май 11, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд