Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Чин Ли Чжаншу дар шакли маҷозӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу дар шакли маҷозӣ мулоқот намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот, ки бо хоҳиши ҷониби Чин баргузор гардид, вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқоти имрӯзаро ҷузъи муҳими чорабиниҳо бахшида ба ин рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди робитаҳои гуногунҷанба бо Чин дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи сарони давлатҳо ва пояи боэътимоди ҳуқуқӣ, дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамкории байнипарламентӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои Тоҷикистону Чин буда, парламентҳои кишварҳо дар пешбурди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд.
Ҷонибҳо аз тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин равобити зичи роҳбарияти парламенти Тоҷикистон бо Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Чин изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ муҳокима карда шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ, хусусан дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳавасманд мебошад.


Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, инчунин ҳамкории босамари байни минтақаҳои ду давлат аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои шарикии дуҷониба маънидод гардид.
Ба ҷониби Чин барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ изҳори сипос карда шуд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи ҷониби Чин асосан ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва таҳкими заминаҳои истеҳсоли «технологияи сабз», бахусус мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ, идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика, рақамикунонии соҳаи нақлиёту коммуникатсия, ҳарчи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳо, роҳандозӣ кардани имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум, афзоиш додани содироти маҳсулоти тозаи кишоварзӣ ва ғайра ҷалб карда шуд.
Ҷонибҳо зимни баррасии мавзӯи амниятӣ ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин таъмини амнияту субот дар шароити авзои мураккаби аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Инчунин ба рушди робитаҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию митақавӣ аҳамияти хос дода шуд.
Дар охири мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ли Чжаншу даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Дар навбати худ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Чин Ли Чжаншу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар фурсати барояшон муносиб ба Чин даъват намуд.
Даъват аз ҳар ду ҷониб бо хушнудӣ пазируфта шуд.
АКС: Тоҳир САИД/АМИТ «Ховар»








Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо иштирок намуд






