РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси дуюми сатҳи баланд ду дави марафонӣ баргузор мешаванд

Май 30, 2022 10:08

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе дар чаҳорчӯби Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Ҳадафҳои рушди устувор- 6 /ҲРУ/  4 ва 9 июн ду дави марафонӣ  баргузор мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хабар доданд.

Баргузории дави марафонӣ  барои ширкаткунандагони конфронс фурсати хубе хоҳад буд, то  ҷузъи  як маъракаи ҷаҳонӣ бошанд ва дар дав ширкат намоянд. Иштирокчиён метавонанд марафони пурра (42,2 км) ё масофаи рамзии 6 км бахшида ба Ҳадафҳои рушди устувор-6-ро тай намоянд.  Марафон ба масофаи 42,2 километр 4 июн, соати 3:00 аз назди  меҳмонхонаи «Сароб»- дар  Хоҷа Обигарм ва қисми рамзии масофаи 6 километр аз дарвозаи шимолии боғи нави «Истиқлол» -и пойтахт соати 09:00  (кӯчаи Саид Носиров, 27) оғоз меёбад. Иштирокчиён метавонанд ба марафон ҳам аз аввал — соати 03:00- рӯз ва ҳам ба масофаи охирини 6 километр — соати 09:00 хамроҳ шаванд. Ин марафон дар назди шаршараи бузурги боғи Наврӯзгоҳ ба анҷом мерасад.

Марафони 9 июн соати 05:00 дар Душанбе дар назди меҳмонхонаи  «Hyatt Regency Dushanbe»  шурӯъ  гардида, баъди  тай кардани 42,2 километр масофа ба самти Ваҳдат хотима меёбад.  Иштироккунандагони конфоронс  дар давидан ҳам ба масофаи 6 километр ва ҳам ба масофаи 42,2 километр иштирок карда метавонанд. Барои иштирокчиёне, ки ба масофаи 6 километр  нияти давидан доранд, барои баргаштан ба меҳмонхона бо мақсади иштироки минбаъда дар экскурсияҳо тибқи барномаи конфронс нақлиёт ташкил карда мешавад.

Натиҷаҳои марафонҳо дар Конфронси дуюми Душанбе ва инчунин Конфронси СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 муаррифӣ хоҳанд шуд.

Тавре маълум аст, марафони ҷаҳонии об   RUN BLUE 22 март дар  Рӯзи байналмилалии об дар Австралия оғоз ёфт. RUN BLUE 200 марафонро дар саросари ҷаҳон дар бар мегирад, ки беш аз 200 миллион нафарро ҷалб мекунад ва 22 марти соли 2023 қабл аз Конфронси СММ дар Ню- Йорк ба охир мерасад.

Ҳадаф аз баргузории марафонҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни об, даъват ба амал, сафарбар намудани саъю кӯшиш барои ноил шудан ба тағйироти воқеӣ дар замин ва пешбурди Даҳсолаи байналмилалии амал ва Конфронси  СММ оид ба захираҳои об  дар соли 2023 мебошад.

Марафонҳо аз ҷониби фаъол ва даванда Мино Гулӣ созмон дода шуда, аз ҷониби бисёр шарикон, аз ҷумла ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Нидерландия ҳамчун ҳамраиси конфронс дастгирӣ мешаванд. Бахши Осиёи Миёнаи RUN BLUE 10 май дар шаҳри Мӯйноқи Ҷумҳурии  Узбекистон оғоз шуда, 10 июн дар Душанбе –пойтахти Тоҷикистон  ба охир мерасад. Дар Тоҷикистон 11 марафон ба дарозии 458,2 километр дар соҳили дарёи Омӯ ва шохобҳои он, дар ҷойҳое, ки шароити ҷуғрофиаш  душвор аст, ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028»

Май 30, 2022 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш