САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАЛАБА. Зиёда аз 250 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ҷонбозиҳо намудаанд

Май 9, 2022 09:23

ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миллати сарбаланди тоҷик дар тӯли қарнҳои таърих ҳамеша баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолу озодӣ ҷоннисориҳо намудааст. Аз ҷумла, баҳри ҳифзи Ватан фиристодагони ин миллати тамаддунофар ва қавиирода солҳои 1941-1945 дар муҳорибаҳои гуногуни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо ҷонбозиҳои хеш дар ғалаба бар фашизм саҳми комил гузоштанд. Ин нуктаро директори Муассисаи таҳсилоти томактабии №98-и ноҳияи Сино Салима СУДУРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК иброз намуд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, имсол мардуми сайёра, хусусан кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ солгарди 77-уми Ғалаба бар фашизмро ҷашн мегиранд. Ин ғалабаи тамоми халқияту миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон бар фашистон дар таърих ҳамеша чун ёдгор ва саҳифаи таърих боқӣ мемонад. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.

Ба ақидаи таърихшиносону таърихнигорон, башарият ҷангеро даҳшатноктар аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ надидааст. Ин ҷанги тӯлонӣ ва шадид моҳи июни соли 1941 бо ҳуҷуми ғайриқонунии қувваҳои ҳарбии фашистони гитлерӣ ба сарҳади собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардида, муддати 1418 шабонарӯз идома ёфтааст.

Дар баробари шаҳрвандони 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз фарзандони Тоҷикистон низ зиёда аз 250 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бар фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд.

Мутаассифона, дар ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 90 ҳазор фиристодагони кишвари мо баҳри адои вазифаи фарзандии хеш ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир ва қаҳрамониҳои нотакрор 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин қариб 25 ҳазор ҷанговарони тоҷик бо ордену медалҳои гуногун сазовор гардиданд.

Дар солҳои бисёр ҳам вазнини ҶДҶ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!» ба роҳ монда шуда буд.

Майдони набарди зидди фашистон ва хатти ҷабҳаи ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо километр дур буд. Вале садҳо ҳазор фарзандони бо ору номуси тоҷик бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи Ватан рафтанд, ба даст яроқ гирифта, паҳлу ба паҳлуи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ зидди фашистон ҷангиданд ва ғалабаи оламшумули моро бар душмани ғаддор таъмин намуданд.

Шоири ширинкалом Абулқосим Лоҳутӣ роҷеъ ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чунин навиштааст:

Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.

Он солҳо дар афкору ақидаи мардум ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ва ягонагӣ пурзӯр буд, ки ҳар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳама Ватан дониста мешуд.

Намунаи онро дар мактуби тоҷикистониҳо ба сокинони шаҳри Москва, дар лаҳзаҳое, ки соли 1941 фашистон дар масофаи хеле наздик ба пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд, баръало дидан мумкин аст. Мактуб 19 октябри соли 1941 аз шаҳри Сталинобод (ҳозир Душанбе) ба сокинони Москва фиристода шуда буд ва дар он фикру зикри тамоми меҳнаткашони Тоҷикистон ифода ёфтааст. Дар он мехонем:

«Москвагиҳои азиз! Дар ин рӯзҳои пуртаҳлукаи муборизаи даст ба гиребоншавӣ бо роҳзанони фашистӣ мо бо шумо ҳастем.

Мо тамоми корро мекунем, ки замини Москваро ба қабристони фашистони ваҳшӣ табдил диҳем. Душман бояд ҳатман торумор шавад!».

Кишвари мо ва мардуми шарифи Тоҷикисто то охири ҷанг, то рӯзи Ғалаба бар фашизм ба қавлашон содиқ монданд. Дар баробари сафарбарии захираҳои инсонӣ ҳамчун омили асосӣ, инчунин ба ёрии фронт тамоми захираҳои иқтисодӣ ва моддию техникӣ низ сафарбар карда мешуданд. Барои Тоҷикистони саноаташ суст инкишоф ёфта, бешубҳа, ин кори осон набуд. Бо вуҷуди норасоию эҳтиёҷмандӣ, тибқи маълумот, ҳанӯз дар ҳафтаҳои аввали саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз кишвари мо ба фронт 8874 мошин, 115 адад трактор, ки ба хоҷагии халқ басо зарур буданд, 19 326 сар асп, 1791 адад ароба ва дигар намудҳои техника фиристода шудаанд.

Солҳо мегузаранд, аммо ин Ғалаба, он корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳромониҳои бобоёну падарон дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳад монд, зеро «ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромӯш намешавад».

«Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем», — афзуд С. Судурова.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Май 9, 2022 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи пленарӣ доир шуд