Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

Май 18, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Муколамаи ҳамкории Осиё, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Муколамаи ҳамкории Осиё ҳамоиши минтақавии кишварҳои Осиё мебошад, ки ҷонибдорони принсипҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамкории мутақобилан судманд ва сиёсати некхоҳонаро бо ҳам гирд меорад.

Кишварҳои узви ин ҳамоиш баҳри барпо намудани Осиёи нав саъю талош менамоянд, ки дар он сулҳи пойдор, субот ва шукуфоӣ ҳукмфармо бошад. Ғояи «Муколамаи ҳамкории Осиё» аз ҷониби Шоҳигарии Таиланд дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ (АСЕАН) моҳи феврали соли 2002 пешниҳод гардида буд. Мақсади асосии он – ба вуҷуд овардани афзори нави ҳамкории байниминтақавӣ буд, ки тавонад мисли пул миёни ҳамоишҳои дигари минтақавии Осиё хизмат кунад ва дар оянда сохтори асосии ҳамкории умумиосиёгӣ бошад.

Дар айни ҳол Муколамаи ҳамкории Осиё 32 кишвари қитъаи Осиё — Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Бангладеш, Баҳрайн, Бруней-Дорулассалом, Бутан, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Камбоҷа, Қазоқистон, Қирғизистон, Корея, Кувайт, Қатар, Русия, Малайзия, Муғулистон, Мянма, Чин, Лаос, Покистон, Сингапур, Тоҷикистон, Таиланд, Шри-Ланка, Уммон, Узбекистон, Филиппин ва Японияро гирди ҳам овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми вазирони корҳои хориҷии МҲО 5 июни соли 2006 дар Қатар ба узвияти МҲО қабул гардида буд.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 18, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд