Сафирони Русия, Тоҷикистон ва якчанд давлати дигар дар ИМА собиқадорони эътилофи зиддигитлериро бо Рӯзи Ғалаба табрик намуданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нигоҳ доштан ва расонидани ҳақиқат дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад, зеро ҷанговари озодихоҳи шӯравӣ аҳли оламро аз «вабои қаҳваранг» наҷот бахшида, садҳо ҳазор асирони конслагерҳоро аз асорат наҷот дод. Дар ин бора дар изҳороти муштараки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Русия, Тоҷикистон ва якчанд ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки рӯзи душанбеи 9 май дар Telegram нашр гардид, гуфта шудааст.
«Имсол ҷаҳон солгарди 77-уми ҷашни муқаддас — Рӯзи Ғалабаи Бузургро таҷлил менамояд. Баҳори соли 1945 халқи сермиллати ИҶШС ҳамроҳ бо иттифоқчиёни эътилофи зиддигитлерӣ сайёраро аз зулми фашистӣ наҷот дод. Қаҳрамонии бемислу монанди насли бузург имкон дод, то идеологияи инсонбадбинӣ аз миён бардошта шавад»,-гуфта мешавад дар изҳорот.
«Дар муҳорибаҳои назди Москва ва доираи Курск, дар Ленингради муҳосирашуда ва дар кӯчаҳои Сталинград намояндагони ҳамаи миллатҳои ИҶШС паҳлӯ ба паҳлӯ истода, Ватани умумиашонро муҳофизат мекарданд. Далерӣ ва фидокории онҳо дар фронт ва ақибгоҳ, инчунин дар дастаҳои партизанӣ имкон дод, ки пеши роҳи армияи фашистӣ аввал гирифта шуда, баъдан он торумор гардад, — таъкид карданд роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ. Гузаштагони мо на танҳо истиқлоли Ватанро ҳифз кардаанд, балки ҷаҳонро аз «вабои қаҳваранг» наҷот додаанд. Ҷанговари озодгари шӯравӣ садҳо ҳазор асирони конслагерҳоро аз асорат наҷот дод».
«Ғалаба бо арзиши гарон ба даст омад. 27 миллион ҳамватанони мо ҳалок гардиданд. Қариб нисфи қурбониён шаҳрвандони осоишта буданд. Қотилони гитлерӣ ва думравони онҳо барои тамоман несту нобуд кардани халқҳои ИҶШС мубориза бурда, ба ҷони на занон, на пиронсолон ва на бачагон раҳм накарданд»,- омадааст дар мақола.
Ба Муроҷиатнома Сафири Русия Анатолий Антонов, Сафири Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, Сафири Қазоқистон Ержан Ашикбоев, Сафири Қирғизистон Бактибек Аманбоев, кордори муваққатии Беларус Дмитрий Басик, Сафири Узбекистон Ҷавлон Ваҳобов ва Сафири Туркманистон Меред Оразов имзо кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 ҳазор тоҷикистонӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷангида, 45 ҳазор нафар ба корхонаҳои низомӣ сафарбар шудаанд. Беш аз 50 ҳазор тоҷикистонӣ бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, 65 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар дорандаи ордени «Шараф» гардидаанд.
ДАР АКС: Сафорати Тоҷикистон дар ИМА. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид






