Саидмурод Фаттоҳзода ва Вук Жугич лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Май 4, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода имрӯз зимни мулоқот бо Роҳбари дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вук Жугич баён намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ«Ховар» иттилоъ дод, Саидмурод Фаттоҳзода иброз намуд, ки кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар карда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян карда, ба татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, ҳифзи иттилоот ва муқаррар кардани реҷаҳои ҳуқуқии иттилоот равона карда шудааст.

«Мавриди қаноатмандист, ки дар раванди таҳияи лоиҳаи мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма, коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштанд. Инчунин аз дастгирии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус САҲА, ки дар ин кор тӯли якчанд сол бо мо ҳамкории бисёрҷониба доштанд, изҳори сипос менамоям»,-гуфт раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот.

Саидмурод Фаттоҳзода ҳамчунин изҳор дошт, ки лоиҳае, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор мегирад, маҳсули фаъолияти сесолаи гурӯҳи корӣ ба шумор рафта, такмили он аз талаботи равандҳои имрӯзаи соҳа бармеояд. То имрӯз муҳокимаи лоиҳаи мазкур бо ҷалби доираи васеи воситаҳои ахбори омма дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид ва дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншуда мазмуну мундариҷаи он такмил дода шуд.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд афзалияти сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон буда, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гуногунандешии сиёсӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бинобар ин сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба сифати арзиши олӣ ба Конститутсия ворид гардид, ки бо мурури замон ба шароиту талаботи дигаргуниҳои ҳаёти дохилӣ ва байналмилалӣ наздик мешавад. Хусусан дар моддаи 10-и Конститутсия эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои дастрасӣ ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи ахбор мушаххас кафолат дода шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудаанд, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот иборат мебошад. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд. Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаву ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро танзим мекунанд.

Дар заминаи чунин фазои мусоиди ҳуқуқӣ, хушбахтона, сол то сол расонаҳои нав ба майдон омада, фазои иттилоотии кишварро комил мекунанд.

«Зарурати таҳияи Кодекси иттилоотии мазкур аз татбиқи босамари чунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ба монанди Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасдиқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2003, Консепсияи сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасдиқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 бармеояд»,-гуфт дар интиҳо Саидмурод Фаттоҳзода.

АКС: МН МО ҶТ

Май 4, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд