Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов: «Чемпионати CAFA марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аст»
ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки имрӯз оғоз мешавад, интизориҳои хешро баён дошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ аз аввали сол ба ҳисоб меравад. Моҳи феврал мо дар Ҷоми рушд дар Минск ширкат кардем ва як рӯз пеш аз Скопйе баргаштем, ки онҷо дар доираи мусобиқаи рушди УЕФА се бозӣ анҷом додем», — тазаккур дод ӯ.
Ба андешаи мавсуф, дар чорчӯби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи наврасони Тоҷикистон чор бозӣ мегузаронад.
«Ин мусобиқа яке аз давраҳои муҳими омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи октябр баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Мо аз натиҷа вобаста нахоҳем буд, аз як бозӣ ба бозии дигар омодагӣ мегирем», — таъкид намуд Зайниддин Раҳимов.
Дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқаи чемпионати CAFA-2022, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сармураббиёни дастаҳои наврасони Афғонистон, Эрон, Қирғизистон ва Узбекистон низ ба саволҳои намояндагони ВАО ҷавоб доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар CAFA-2022 дастпарварони Зайниддин Раҳимов бо дастаҳои Қирғизистон, Афғонистон, Узбекистон ва Эрон неру месанҷанд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






