СОЗАНДАГОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ВАТАН. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад

Май 23, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мешавад, иброз доштанд, ки «мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд. Ҳамчунин ҷавонони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиату арзишҳои миллиро ҳимоя мекунанд ва дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳои бар зидди давлату миллат равонашуда омода мебошанд».

Ин матлабро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло РАҲМОНЗОДА  дар мусоҳиба бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бахшида ба  Рӯзи ҷавонон баён дошт.  

АМИТ «Ховар»: Ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан маҳсуб мешаванд. Саҳми ҷавононро дар ҳаёти имрӯзаи кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

А. Раҳмонзода: Имрӯз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, ворисони асили миллати тамаддунофари тоҷик, матину қавиирода ва далеру шуҷои кишвар, дар тамоми самту соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо боварии комилу ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат намуда истодаанд.

Ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар душ доранд. Пешрафти ҷомеа бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёд тақозо мекунад.

Аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин насли  ояндасоз баръало эҳсос гардида, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат интихоб гардидааст.

 АМИТ «Ховар»: — Имрӯзҳо дар самти омодасозии ҷавонон ба вазифаҳои пурмасъул ва дастгирии бевоситаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат кадом барномаву стратегияҳо амалӣ гардида истодаанд?

А. Раҳмонзода: Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали  ба даст овардани истиқлол  то ба имрӯз  ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ  13 марти  соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида,  17 марти соли 1994  нахустин мулоқоти  расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»  «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла, «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000»,  «Барномаи  давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон  барои  солҳои  2002-2005», «Барномаи  ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011»,  «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»,  «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015, 2016-2018 ва 2019-2022» қабул гардид.  Ҳамчунин барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли  1998  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Аз 20 марти соли 2021 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавонон таъсис ёфт

АМИТ «Ховар»:  — Барои гирифтани пеши роҳи бархе ҷавонони ноогоҳ  аз машғул шудан ба амалҳои номатлуб ва махсусан шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ кадом нақшаҳо тартиб дода шуда, чӣ гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида истодаанд?

А. Раҳмонзода: Бале, ноогоҳию бетаҷрибагии баъзе аз ҷавонон сабаб мегардад, ки онҳо ба доми ҳар гуна гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва таблиғгарони бегонамазҳаб ҳамроҳ шаванд. Ба ин масъала, пеш аз ҳама, мо, насли калонсол бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунем, онҳоро беназорат нагузорем, аз мушкилоташон сари вақт воқиф гашта, ба дардашон марҳам шавем. Барои тарбияи дуруст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ҳамаи мо- волидайн, муаллимон ва аҳли ҷомеа масъулем.

Таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Прокуратураи генералӣ,  вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио ва кор бо занон ва оила дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон ва наврасон, аз қабили ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим таҳия гардида, барои иҷрои босифат ба сохторҳои маҳаллии Кумита ирсол  мегардад.

Дар баробари ин моро мебояд, ки баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав, инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо роҳу усулҳои нави таъсиррасониро роҳандозӣ намоем. Дар ин миён Кумита баҳри амалӣ намудани ин мақсад аз механизму усулҳои нави таъсиррасонӣ, ки фазои холигии ҷавононро пурра менамоянд, кор гирад.

Аз ин хотир дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаи футбол байни ҷавонон бо усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла доир гардида, пеш аз оғози мусобиқа дар баробари ташкили фулбол бо иштирокчиён ва тамошобинон хониши сиёсӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҷавонон ба роҳ монда шудаанд. Инчунин барои муттаҳидсозии ҷавонони ҷумҳурӣ чорабинии бошукӯҳи «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» баргузор карда шуд, ки он баҳри васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шинос шудан бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мусоид аст.

АМИТ «Ховар»: Чун дар замони ҷаҳонишавӣ қарор дорем, мегуфтед, ки дар самти тарбия намудани насли худшиносу худогоҳи дорои донишҳои замонавӣ Кумита кадом корҳоро ба роҳ мондааст?

А.Раҳмонзода: Дар ин самт мулоқоту суҳбатҳои сеҷонибаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули “факулта ба факулта” бо инобати 41 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар ба роҳ монда шудаанд.

Давоми семоҳаи якуми соли 2022 47 мулоқоту суҳбат бо фарогирии 14 362 нафар устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар гузаронида шуда, масъулин оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар нисбат ба насли ҷавон, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, гиромидошти сулҳу суботи комили миллӣ андешаронӣ намуданд.

Дар умум вобаста ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилоти система давоми семоҳаи якуми соли 2022 591 чорабиниҳо бо иштироки 71 558 нафар ҷавонони касбу кори гуногун баргузор карда шуданд.

Таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ  барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис ёфтани стипендияҳои президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи онҳо, таъсис ёфтани стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъсиси квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши арзанда мегузоранд.

АМИТ «Ховар»: Дастовардҳои ҷавонон дар риштаи варзиш тайи чанд соли охир зиёд ба назар мерасанд…

А.Раҳмонзода: Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки соҳаи варзиш низ дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ,  варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд ва сол то сол дастовардҳои варзишгарони тоҷик меафзояд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, 10445 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 129 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1878 толори варзишӣ, 100 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 804 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.

Умуман ҳамаи ин дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ғамхориву дастгириҳои пайгиронаи Пешвои ҷавонпарвари миллат муяссар гардидааст.

АМИТ «Ховар»: — Дар масъалаи ҷалби ихтиёрии ҷавонон барои  хизмат ба  Ватан  нақши кадоме муассиртар аст- оила, муассиса ва ё ҷомеа?

А. Раҳмонзода Ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддуни мо имрўз бо ҷӯшу хурӯши ҷавонона, шаъну шавкат, қувва, қудрат, ғуруру азамат бо ифодаи олии ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣ ҳамеша барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣ ва ҷовиду пояндагӣ, бахту саодати миллат ҳамчун фарзандони бовафо бо ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор ва сарбаландона хизмати ҳарбӣ анҷом дода истодаанд, ки мояи сарбаландист.

Вале баъзан дар ин самт мушкилот низ пайдо мегарданд.

Албатта, дар бартараф намудани онҳо оила, муассиса ва ҷомеа саҳми арзанда доранд. Тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар семоҳаи якуми соли 2022 интихоб гардида, дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» тадбирҳои зарурӣ андешида, дар заминаи он миёни сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии мамлакат, ҷавонони синни тодаъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар силсилачорабиниҳои маърифатию назариявӣ, илмию амалӣ, мулоқоту суҳбатҳо, аксияҳои таблиғотиву тарбиявӣ ва мусобиқаҳои мухталифи варзишию солимгардонӣ баргузор карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби дастгоҳи марказии Кумита дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон 78 чорабинӣ бо фарогирии 19 500 нафар ҷавонон ва сарбозону афсарон доир карда шуд.

Аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Кумита дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 188 чорабинӣ бо фарогирии 30349 нафар, вилояти Хатлон 274 чорабинӣ бо фарогирии 39720 нафар, вилояти Суғд чорабинӣ 247 бо фарогирии 37450 нафар, ВМКБ 52 чорабинӣ бо фарогирии 9460 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 158 чорабинӣ бо фарогирии 23570 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ва афсарону сарбозон доир карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, вобаста ба ин самт аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилоти система дар давраи ҳисоботӣ 919 чорабинӣ бо иштироки 180 ҳазору 549 нафар ҷавонон ва афсарону сарбозон баргузор карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин