Sputnik: Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд гардиши молро ба 1 миллиард доллар расонанд
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон зимни суханронӣ дар бораи шарикии тиҷоратию иқтисодӣ зарурати иҷрои дастурҳои президентони ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро дар бораи солҳои наздик расонидани ҳаҷми муомилоти мол ба 1 миллиард доллар таъкид намуданд. Тавре агентии русии Sputnik бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ медиҳад, дар ин бора 13 май зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе сухан гуфта шуд.
Ҷонибҳо ҳамкории давлатҳоро дар бахшҳои сиёсат, нақлиёт, фарҳанг ва ҳамчунин иқтисоду тиҷорат баррасӣ карданд.
Илова бар ин, Узбекистон ва Тоҷикистон тасмим гирифтаанд ҳамкориро дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ густариш диҳанд — сухан инчунин дар бораи чорабиниҳои муштараки ду кишвар дар чаҳорчӯби 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ меравад.
Дар мавриди ҳамкории сиёсӣ ҷониби Тоҷикистон ба раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баҳои баланд дод. Тоҷикистон иштироки худро дар нишасти қарибулвуқӯи СҲШ дар Самарқанд тасдиқ намуд, хабар додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Иштироккунандагони нишаст бояд 35 ҳуҷҷатро баррасӣ намоянд. Тавре моҳи марти имсол маълум гардид, 7-тои онҳо аллакай дар сатҳи коршиносон ба мувофиқа расидаанд.
АКС: NovaPress








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






