СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. Имрӯз бозии «Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои дарёфти Ҷом баргузор мегардад

Май 8, 2022 09:57

ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 май, дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии   Суперҷоми Тоҷикистон-2022  бо иштироки  Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва барандаи нишонҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон — дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин сенздаҳумин Суперҷоми Тоҷикистон хоҳад буд. Суперҷоми кишвар аз соли 2010 баргузор мешавад. Барандаи даҳкаратаи ҷом «Истиқлол»-и Душанбе аст, ки солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 соҳиби ҷоиза шуда буд. Суперҷоми соли 2013 насиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ва соли 2017 «Ҳосилот»-и Фархор гардид.

Қаблан «Хуҷанд» дар бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон бо «Истиқлол» чаҳор бор вохӯрда, дар ҳамаи бозиҳо ноком шуда буд.

«Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):

  1. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
  2. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
  3. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
  4. «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
  5. «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
  6. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. (пен.4:3)
  7. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
  8. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
  9. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
  10. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
  11. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
  12. «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
  13. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) — ?

Акс: ФФТ

Май 8, 2022 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад