СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. «Истиқлол» маротибаи 11-ум барандаи он гардид
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода дар ҳузури 5600 нафар тамошобин мусобиқоти 13-уми Суперҷоми Тоҷикистон -2022 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Суперҷоми кишвар бозии арзанда ва ҷолиб нишон доданд. Футболбозони ҳарду даста имкони зиёди кушодани ҳисоби бозиро доштанд, лек аз он на он қадар самаранок истифода бурда тавонистанд. Баъди ба майдон баромадани Рустам Соиров бозии дастаи «Истиқлол» ранги дигар гирифту онҳо дар дақиқаи 84-уми бозӣ тавонистанд ба задани гол даст ёбанд. Дар идомаи вохӯрӣ дастпарварони Рустам Хоҷаев кӯшиши баробар кардани ҳисоби бозиро карданд, лек ҳама бенатиҷа анҷом ёфт. Бо ҳамин натиҷаи минималии 1 бар 0 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба муқобили дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд зафар ёфта, маротибаи 11-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Бояд гуфт, ки дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бори панҷум барои Суперҷом миёни ҳам мубориза бурданд. Дар чаҳор бозии пешин (солҳои 2016, 2018, 2019 ва 2020) дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пирӯз шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори сездаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд. «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ёздаҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб (2013) ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор (2017) якборӣ Суперҷом ба даст овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд.
Ҳама бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2022):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯйи силсилаи пеналтӣ – 4:3
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
Акс: ФФТ








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд






