СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Бозӣ миёни дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» 14 май дар Душанбе барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футзали Тоҷикистон санаи баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсия футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии ифтитоҳии мавсим миёни чемпиони феълии кишвар «Соро компания»-и Душанбе ва барандаи медали нуқра «Сипар»-и Хуҷанд 14 май баргузор мешавад.
Ин дидор дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Оғози рақобат соати 18:00 дар назар аст.
Соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор шуда, дар он «Соро компания» бар «Сипар» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
14 май (шанбе)
Оғоз – соати 18:00
«Соро компания» – «Сипар»
Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Акс: ФФТ








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






