Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи Суперлигаи Тоҷикистон оғоз шуд, ки дар он ҳашт даста ширкат доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар бозии марказии даври аввал дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе ҳисобро мусовӣ карданд – 1:1. Ба голи задаи Парвиз Раҳматов душанбегиҳо бо зарбаи дақиқи легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода посух доданд.
Дар вохӯрии дигар голи бозигари дастаи миллии футзали Қирғизистон Айдар Абдуҷалил уулу ғалабаи «Истиқлол»-ро бар «Истаравшан» таъмин сохт – 1:0.
Бошгоҳи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар барандаи медали биринҷии мавсими гузашта- дастаи «Пойтахт» бо ҳисоби 8:5 ғалаба кард. Ва дебютанти Суперлига КМВА-и пойтахт дар меҳмонӣ бар «Самандар»-и Турсунзода бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд.
Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
Даври 1
«Сипар» – «Соро компания» – 1:1
Голҳо: Парвиз Раҳматов, 22 (1:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 23 (1:1).
Бозигари беҳтарини бозӣ: Парвиз Раҳматов («Сипар»).
«Истиқлол» – «Истаравшан» – 1:0
Гол: Айдар Абдуҷалил уулу, 39.
Беҳтарин бозигари бозӣ: Ҷамшед Файзиев («Истаравшан»).
«Самандар» – КМВА – 3:6
Голҳо: Меҳроб Раҳимов, 5 (0:1). Рамз Амрохонов, 11 (0:2). Шамсиддин Қосимов, 15 (0:3). Меҳроб Раҳимов, 20 (0:4). Холмурод Ҳамроев, 23 (1:4). Хайём Дарвешов, 27 (1:5). Фирдавс Тусматов, 30 (2:5). Холмурод Ҳамроев, 32 (3:5). Меҳроб Раҳимов, 40 (3:6).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Рамз Амрохонов (КМВА).
«Равшан» – «Пойтахт» – 8:5
Голҳо: Алишери Музаффар, 2 (1:0). Қурбонмад Раҳимов, 10 (2:0). Хусрав Холиқназаров, 15 (2:1). Сомон Саидзода, 17 (2:2). Хусрав Холиқназаров, 19 (2:3). Мустафо Бобоев, 22 (3:3). Қурбонмад Раҳимов, 26 (4:3). Қурбонмад Раҳимов, 27 (5:3). Қурбонмад Раҳимов, 28 (6:3). Алишери Музаффар, 29 (7:3). Сорбон Латипов, 32 (8:3). Ҳамид Ғуломӣ, 32 (8:4). Алишер Шарипов, 37 (8:5).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Қурбонмад Раҳимов («Равшан»).
Акс: ФФТ








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






