ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 май, душанбе, 122-умин рӯзи соли 2022 аст
2 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кумакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 Амр имзо намуданд.
***
8 сол пеш, 2 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Маҷаллаи дипломатии «Diplomatishes Magazin»-и Ҷумҳурии Федеративии Германия (ҶФГ) дар шумораи моҳи май дар бораи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мусаввар нашр намуд.
2 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Мянма – Рӯзи деҳқонон.
РӮЙДОДҲО:
2 майи соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шӯрои вазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
***
2 майи соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
8 сол пеш, 2 майи соли 2014 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Шӯрои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии «Чолишҳои нав дар соҳаи озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
***
2 майи соли 1933 дар Германия фаъолияти ҳамаи иттифоқҳои касаба қатъ карда шуд.
***
2 майи соли 2018 Котиби вақти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар масъалаи вобаста ба таъмини амнияти ду кишвар-Тоҷикистон ва Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1925 дар Сан-Франсиско калонтарин ҳавзи шиноварӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардид, ки 305 метр дарозӣ, 46 метр паҳноӣ ва то 4,26 метр чуқурӣ дошт.
***
Соли 1949 аввалин маротиба дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз майдони «Динамо» гузориши телевизионии бозии футбол сурат гирифт.