Тақвияти ҳамкории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақомоти Амрико баррасӣ гардид

Май 13, 2022 11:27

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 май зимни мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода бо гурӯҳи кории намояндагони Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кара Роз ва Кевин Скали масъалаи тақвияти ҳамкории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақомоти Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия баррасӣ гардид.

Тавре дар Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот зикр гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломативу дӯстонаи ду кишвар дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, имсол 30-юмин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон амалисозии Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби намояндагони дипломатии Амрико амалисозии якчанд барномаҳо дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ташкили милитсияи патрулӣ, таҳким бахшидани робита бо аҳолӣ, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он матраҳ гардиданд.

Ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикр гуфтугӯҳои судманд доир шуданд.

АКС: РВКД дар ш.Душанбе

Май 13, 2022 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд