ТАВАҶҶУҲ! Хизматрасонӣ дар хатсайрҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе танзим мешавад
ДУШАНБЕ, 26.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 1 июни соли 2022 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №44 (кӯчаи П.Толис – ҷамоати Қӯштеппа, маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6)) қатъ гардида, бо зиёд намудани шумораи автобусҳо ва иваз намудани нуқтаи охири хатсайри автобусии №4 аз терминали Маром то маркази савдои «Кушониён» мунтазамии ҳаракати автобусҳо дар ин масир таъмин карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар хатсайри автобусии №4 (таваққуфгоҳи маркази савдои «Кушониён» — Терминали Шарқӣ) фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Рӯдакӣ, У.Хайём, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, К.Раҳимов, А.Лоҳутӣ, Шотемур, Х.Деҳлавӣ, Г.Валаматзода ва С.Айнӣ роҳандозӣ мегардад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКIA» ва «KING LONG» истифода баранд.
Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






