«ТОЗАГИИ СОҲИЛ-2022» ДАР ОҚСӮ. Зимни ташаббуси экологӣ беш аз 1 км соҳили дарё тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни баргузории ташаббуси экологии «Тозагии соҳил-2022» беш аз 1 км соҳили дарёи Оқсӯ ва маркази ноҳияи Мурғоб аз партовҳо тоза гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ташаббуси «Тозагии соҳил-2022» бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёю кӯлҳо, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллию давлатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба беҳтар намудани вазъи экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологии сокинон, дар маҷмӯъ риояи тозагӣ дар маҳалҳо гузаронида шуд.
Дар он беш аз 150 нафар кормандони касбу кори гуногун, сарбозон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ташаббуси «Тозагии соҳил-2022» партовҳои аз соҳили дарёи Оқсӯ ва кӯчаҳои ноҳия ҷамъоварда ба партовгоҳи марказӣ интиқол дода шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






