Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ-кёкушинкай соҳиби ҳашт медал шуданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси тоҷик дар рӯзи охирини Чемпионати Осиё оид ба намуди каратэ-кёкушинкай дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон миёни варзишгарони аз 8 то 15-сола ба гирифтани 3 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ даст ёфтанд. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони тоҷик зери роҳнамоии сармураббии дастаи мунтахаби кишвар Сайдаҳмад Раҳмонзода ширкат варзиданд. Дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари тоҷик Муҳаммадалӣ Махсутов миёни наврасони 16-17-сола дар вазни то 60 кило ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид.
Ҳамчунин Фараҳманд Одиназода дар ҳамин синн дар вазни то 75 кило ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. Суҳроб Назаров миёни калонсолон дар вазни то 75 кило дар финал мағлуб шуда, ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид.
Ҳамин тавр, дар рӯзи аввали мусобиқа 3 тан варзишгари тоҷик ба гирифтани нишони фахрӣ даст ёфта, дар рӯзи дуюми мусобиқа 9 нафар варзишгари тоҷик дар вазнҳои мухталиф ҳунарнамоӣ карданд. Миёни кӯдакони 8-9-сола дар вазни беш аз 40 кило варзишгари умедбахш Аслан Насуллоев унвони чемпиони Осиё оид ба каратэ-киокушинкайро ба даст овард.
Варзишгари дигари кишвари мо Юсуф Одиназода дар вазни то 50 кило ба гирифтани медали тиллои мусобиқа даст ёфт. Ҳамчунин Эҳсон Идибеков дар вазни то 45 кило бо шикаст додани ҳамаи ҳарифонаш ба гирифтани медали тилло даст ёфт. Ҷовидон Сафарзода миёни кӯдакон дар вазни то 25 кило ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид. Муҳаммад Размонзода ҳам дар вазни то 28 кило ба гирифтани медали биринҷии чемпионати Осиё даст ёфт.
Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба каратэ-кёкушинкай бо 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






